Мақсади асосии Шӯрои миллӣ аз инҳо иборат аст:
- таҳлил ва баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия;
- мусоидат оид ба татбиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва дигар санадҳои барномавии миллии мубориза бо коррупсия;
- мониторинги давлатию ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия ва иҷрои самараноки вазифаҳои мақомоти давлатӣ дар мубориза бо коррупсия ва баҳогузорӣ намудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо дар ин самт;
- ҷалби васеи ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахрвандон дар мубориза бо коррупсия;
- бартараф намудани таҳдидҳо ба бехатарии иқтисодиёти миллӣ, пешгирии омилҳо ва шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, мусоидат ба дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа ва ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба омилҳои коррупсионӣ.
Вазифаҳои Шӯрои миллӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- мусоидат оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати муайянсозӣ, тасдиқ ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;
- мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба коррупсия;
- мониторинг ва баҳогузорӣ ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба иҷрои ҷорабиниҳои муқовимат ба коррупсия;
- назорати иҷрои чорабиниҳои пешгирии коррупсия ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда;
- ташаккули фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва дарки хавфнокии коррупсия дар ҷомеа, ҷалби қувваҳои солимфикри ҷомеа дар муқовимат ба коррупсия бо роҳи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Шӯрои миллӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
- таҳияи пешниҳодот оид ба такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- тибқи тартиби муқарраргардида талаб карда гирифтани маълумоти зарурӣ аз мақомоти дахлдор;
- барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ ҷалб намудани роҳбарони мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шунидани ахбороти онҳо оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия;
- таъсиси комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ дар ҳолатҳои зарурӣ;
- амалӣ намудани дигар ҳуқуқҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.