Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯрои миллӣ) мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия буда, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 № 968 таъсис дода шуда, ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Шӯрои миллӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.