ТАЛБАКЗОДА СУЛАЙМОН ТАЛБАК

23 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллат –тоҷик

Маълумот - Олии бухгалтерӣ ва аудит, муҳандиси сохтмони биноҳои саноатию шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ

Солҳои 2003-2006 - Мутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Солҳои 2006-2007 - Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати молиявии мақомоти ғайринизомӣ, ҳокимият ва судҳо бо Идораи назорати молиявии мақомоти ҳокимият ва Идораи давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2012 - Мутахассиси пешбари Бахши назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Соли 2012 (05-12) - Сармутахассиси Шуъбаи назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Раёсати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2014 - муовини сардори Шуъба - сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2014-2015 - муовини сардори Шуъба-сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2015-2016 - муовини сардори Раёсат – сардори Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2016 – 2020 - Сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2020 – 2021  - Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 5 июли соли 2021   муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Оиладор соҳиби 5 фарзанд