КАМОЛЗОДА ФИРУЗ АНВАРАЛИ

17 августи соли 1988 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллат – тоҷик.

Соли 2011 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз ноябри соли 2011 – Ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

Аз апрели соли 2013 – Ёрдамчии калони прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

Аз июни соли 2014 – Прокурори калони ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбӣ;

Аз майи соли 2015 – Муовини прокурори ҳарбии гарнизони Рашт; 

Аз январи соли 2017 – Сарнозир - ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

Аз апрели соли 2018 – Ёрдамчии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супоришҳои махсус; 

Аз июли соли 2019 – Иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз январи соли 2021 – Сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз феврали соли 2024 – Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

Генерал - майори адлия.

Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд