СУЛТОНЗОДА СУЛАЙМОН САИД

31 январи соли 1976 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Миллат – тоҷик.

Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Аз июни соли 1998 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;

Аз январи соли 1999 – муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;

Аз декабри соли 2004 – муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа;

Аз июли соли 2007 – муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз январи соли 2008 – муовини прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб;

Аз июни соли 2009 – муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

Аз ноябри соли 2010 – прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;

Аз майи соли 2014 – прокурори ҳарбии гарнизони Суғд;

Аз феврали соли 2015 – сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз 23 январи соли 2017 – Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Генерал - лейтенанти адлия.

Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд