ПАӢМОНИ БАӢНАЛХАЛҚӢ ДОИР БА ҲУҚУҚИ
ИҚТИСОДӢ, ИҶТИМОӢ ВА ФАРҲАНГӢ
Бо қатъномаи 2200 А (ХХ1) Ассамблеяи Генерали 16 декабри соли 1966 қабул шудааст ва ҷиҳати имзо, тасвиб ва ҳамроҳшави боз аст.
Мутобиқи моддаи 27 аз 3 январи соли 1976 эътибор паӣдо кардааст.
МУҚАДДИМА
ДАВЛАТҲОИ ШИРКАТКУНАНДАИ ҲАМИН ПАӢМОН
бо дарназардошти ин, ки мутобиқи принсипҳои дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид эълонгардида эътирофи шарафи ба ҳамаи аъзои оилаи инсон хос ва ҳуқуқи баробар ва мусаллами онҳо асоси озоди, адолат ва сулҳи умум аст,
бо эътирофи ин, ки ин ҳуқуқ аз шарафи хоси шахсияти инсони бармеоянд,
бо эътирофи ин, ки мувофиқи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар идеали шахсияти озоди инсонии озод аз тарс ва эҳтиёҷ танҳо дар ҳамон сурат амали шуда метавонад, ки агар шароите фароҳам оварда шаванд, ки дар он ҳар кас тавонад аз ҳуқуқи иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии худ ҳамон тавр истифода намояд, ки аз ҳуқуқи шаҳрванди ва сиёсии худ истифода мебарад,
бо дарназардошти ин, ки мувофиқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид давлатҳо вазифадоранд аз тарафи умум эҳтиром ва риоя гардидани ҳуқуқ ва озодии инсонро ташвиқ намоянд,
бо дарназардошти ин, ки ҳар як инсони алоҳида дар муносибат бо одамони дигар ва ҷамъияте, ки ӯ ба он тааллуқ дорад, ӯҳдадор буда, бояд барои ташвиқ ва риояи ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эътирофшаванда кӯшиш намояд,
доир ба моддаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
ҚИСМИ I
Моддаи 1
- Ҳамаи халқҳо ба таъини сарнавишти худ ҳақ доранд. Дар асоси ҳамин ҳақ онҳо мақоми сиёсии худро озодона муқаррар мекунанд ва рушди иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии худро озодона таъмин менамоянд.
- Ҳамаи халқҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ метавонанд сарват ва захираҳои табиии худро бидуни расонидани зарар ба ягон навъ ӯҳдадориҳое, ки аз ҳамкории баӣналхалқии иқтисодии бар пояи фоидаи тарафаӣн асосёфта ва ҳуқуқи баӣналхалқи бармеоянд, ихтиёрдори намоянд. Ҳеҷ як халқро ба ҳеҷ ваҷҳ аз воситаҳои зисте, ки ба ваӣ тааллуқ доранд, маҳрум кардан мумкин нест.
- Ҳамаи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон, аз ҷумла онҳое, ки барои идораи қаламравҳои ғаӣрихудидора ва таҳти васоят масъулият доранд, бояд мутобиқи муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид амали гардидани ҳуқуқро барои таъини сарнавишти худ ташвиқ кунанд ва ин ҳуқуқро эҳтиром намоянд.
- Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешавад, ки ба тарзи инфироди ва ба тартиби кӯмак ва ҳамкории баӣналхалқи, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоди ва техники дар ҳудуди аъзамии захираҳои мавҷуда тадбирҳое андешад, ки ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эътирофшаванда тадриҷан бо ҳамаи усулҳои лозима, аз ҷумла бо роҳи қабули асноди қонунгузори, пурра амали гарданд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд кафолат диҳанд, ки ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эълоншуда бидуни ягон навъ табъид дар мавриди нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёси ё ақидаи дигар, асли милли ё иҷтимои, таваллуд ё ҳолати дигар амали хоҳанд шуд.
- Кишварҳои дар ҳоли рушд метавонанд бо дарназардошти лозимаи ҳуқуқи башар ва хоҷагии халқи худ муаӣян намоянд, ки онҳо ҳуқуқи иқтисодии дар ҳамин Паӣмон эътирофшударо барои ашхосе, ки шаҳрвандони онҳо намебошанд, ба кадом андоза кафолат хоҳанд дод.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд, ки ҳаққи истифодаи баробарро аз ҳамаи ҳуқуқи иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии дар ҳамин Паӣмон пешбинишуда барои мардон ва занон таъмин намоянд.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон эътироф мекунанд, ки дар мавриди истифодаи он ҳуқуқе, ки онҳоро ин ё он давлат мутобиқи ҳамин Паӣмон таъмин менамояд, ин давлат метавонад танҳо чунин маҳдудиятҳои ин ҳуқуқро муқаррар кунад, ки тавассути қонун муаӣян карда мешаванд ва танҳо ба андозае, ки ин бо моҳияти ҳуқуқи мазкур мувофиқ аст ва мутлақан бо мақсади мусоидат ба некӯаҳволии умуми дар ҷомеаи демократи муқаррар карда мешавад.
- Ҳеҷ нуқта дар ҳамин Паӣмон наметавонад ба маъние тафсир дода шавад, ки ягон давлат, ягон гурӯҳ ё ягон шахс ҳақ дорад бо ягон фаъолияте машғул шавад ё ягон амале содир намояд, ки ба маҳв намудани ягон ҳуқуқ ё озодии дар ҳамин Паӣмон эътирофшуда ё ба маҳдуд сохтани онҳо зиёда аз андозае, ки дар ҳамин Паӣмон эътироф гардидааст, нигаронида шудааст.
- Ҳеҷ гуна маҳдудият ё камтар кардани ягон ҳуқуқи асосии башар, ки дар ягон кишвар эътироф шудаанд ё дар асоси қонун, конвенсияҳо, қоидаҳо ё расму одат вуҷуд доранд, ба далели ин, ки чунин ҳуқуқ дар ҳамин Паӣмон эътироф намегарданд ё онҳо дар ҳамин Паӣмон ба андозаи камтар эътироф мегарданд, мумкин нест.
ҚИСМИ III
Моддаи 6
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқро ба меҳнат, ки иборат аст аз ҳаққи ҳар як инсон барои дарёфти имконияти таъмини зиндаги тавассути меҳнате, ки ӯ онро озодона интихоб мекунад ё ӯ ба иҷрои он озодона рози мешавад, эътироф мекунанд ва ҷиҳати таъмини ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима меандешанд.
- Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои дар ҳамин Паӣмон ширкаткунанда бо мақсади пурра амали намудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, барномаҳои таълим ва тарбияи касбию техники, роҳҳо ва усулҳои ноил шудан ба рушди устувори иқтисоди, иҷтимои ва фарҳанги ва шуғли пурраи маҳсулнокро дар шароите, ки озодии асосии сиёси ва иқтисодии инсонро кафолат медиҳанд, дар бар мегиранд.
Моддаи 7
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар касро ба шароити одилона ва мусоиди меҳнат эътироф мекунанд, аз ҷумла:
- подоше, ки ҳадди ақал барои ҳамаи меҳнаткашон шароити зеринро таъмин месозад:
- маоши одилона ва подоши баробар барои меҳнати баробарқимат бидуни ягон навъ фарқгузори, зимнан барои занон бояд шароити меҳнате, ки барои мардон муҳаӣё карда шудааст, бо музди баробар барои кори баробар кафолат дода шавад;
- зиндагии қаноатбахш барои онҳо ва оилаи онҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин Паӣмон;
- шароити кор, ки ба талаботи бехатари ва гигиена ҷавобгӯӣ аст;
- имконияти баробар барои хама дар таъин ба зинаи болотар дар кор мутлақан дар асоси собиқаи кори ва лаёқат;
- истироҳат, фароғат ва маҳдудияти оқилонаи вақти кори ва рухсатии давра ба давраи музднок, ҳамчунин подош барои рӯзҳои ид.
Моддаи 8
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд, ки ҳуқуқи зеринро таъмин мекунанд:
- ҳуқуқи ҳар як инсон дар бобати таъсис додани иттиҳодияҳои касаба бо мақсади амали намудан ва ҳимоя кардани манфиатҳои иқтисоди ва иҷтимоии худ ва шомил шудан ба чунин иттиҳодияҳо бо интихоби худ ба шарти ягона риояи қоидаҳои созмони дахлдор. Истифода аз ҳуқуқи мазкур таҳти ягон навъ маҳдудият қарор намегирад, ғаӣр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд ва дар ҷомеаи демократи барои манфиатҳои амнияти давлати ё тартиботи ҷамъияти ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд;
- ҳуқуқи иттиҳодияҳои касаба дар бобати ташкил додани федератсия ё конфедератсияҳои милли ва ҳуқуқи федератсия ё конфедератсияҳои милли дар хусуси таъсис додани созмонҳои баӣналхалқии касаба ё паӣвастан ба чунин созмонҳо;
- ҳуқуқи иттиҳодияҳои касаба дар бобати фаъолияти бемамониат бидуни ягон навъ маҳдудият, ғаӣр аз маҳдудиятҳое, ки дар қонун пешбини шудаанд ва дар ҷомеаи демократи барои манфиатҳои амнияти давлати ё тартиботи ҷамъияти ё барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодии дигарон заруранд;
- ҳуқуқ барои корпартои ба шарти амали намудани он мутобиқи қонунҳои ҳар як кишвар.
- Ҳамин модда барои ҷори намудани маҳдудиятҳои қонуни дар бобати истифода аз ин ҳуқуқ барои ашхосе, ки ба ҳаӣати қувваҳои мусаллаҳ, полис ё маъмурияти давлат шомиланд, монеъ намегардад.
- Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин модда ба давлатҳои ширкаткунандаи Конвенсияи соли 1948 Созмони баӣналхалқии меҳнат дар мавриди озодии ассосиатсияҳо ва ҳифзи ҳуқуқи ташкил ҳуқуқ намедиҳад асноди қонунгузорие қабул намоянд, ки бар зарари кафолатҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишаванда бошанд ё қонунро тарзе истифода намоянд, ки ба ин кафолатҳо халал ворид гардад.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимои, аз ҷумла суғуртаи иҷтимои эътироф мекунанд.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон эыпироф мекунанд, ки:
- Барои оила, ки ҷузъи табиӣ ва асосии ҷомеа мебошад, ба андозаи имкон бояд муҳофизат ва кӯмаки ҳамаҷониба ва пурвусъат, хусусан ҳангоми ташкили он ва дар ҳоле, ки оила масъулияти ғамхори ба атфоли ғаӣримустақил ва тарбияи онҳоро ба зимма дорад, фароҳам оварда шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти озодонаи ашхоси ба ақди никоҳ дароянда сурат гирад.
- Модарон бояд дар давоми давраи қобили қабул то таваллуд ва баъди он бо ғамхории махсус фаро гирифта шаванд. Дар давоми ин давра ба модароне, ки кор мекунанд, бояд рухсатии музднок ё рухсати бо кӯмакпулии кофии таъминоти иҷтимои дода шавад.
- Дар мавриди кӯдакон ва наврасон бидуни ягон навъ табъид аз рӯи асли хонавода ё аз рӯи аломати дигар бояд тадбирҳои махсуси муҳофизат ва кӯмак андешида шаванд. Кӯдакон ва наврасон бояд аз истисмори иқтисоди ва иҷтимои ҳифз карда шаванд. Истифодаи меҳнати онҳо дар соҳае, ки ба ахлоқ ва саломатии онҳо зарар мерасонад ё барои ҳаёти онҳо хатарнок аст ё метавонад ба инкишофи мӯътадили онҳо зарар расонад, бояд тибқи қонун манъ карда шавад. Ғаӣр аз ин, давлатҳо бояд ҳадди ниҳоии синну солро, ки поёнтар аз он истифодаи меҳнати муздноки кӯдакон манъ аст ва тибқи қонун ҷазо дода мешавад, муқаррар намоянд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар як фардро ба сатҳи кофии зиндаги барои худи ӯ ва оилаи ӯ, ки хӯроки кофи, либос ва манзилро дар бар мегирад ва ҳуқуқ ба беҳбуди мунтазами шароити зистро эътироф мекунанд. Давлатҳои ширкаткунанда бо эътирофи аҳамияти муҳими ҳамкории баӣналхалқи, ки ба ризоияти озодона асос ёфтааст, доир ба таъмини амали шудани ин ҳуқуқ тадбирҳои лозима меандешанд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон бо эътирофи ҳуқуқи асосии ҳар як инсон ба озод будан аз гуруснаги бояд ба таври инфироди ва ба тартиби ҳамкории баӣналхалқи тадбирҳои зарурии дарбаргирандаи иҷрои барномаҳои мушаххасро андешанд, ки:
- усулҳои истеҳсол, нигоҳдори ва тақсимоти маҳсулоти хӯроквори бо роҳи истифодаи васеи донишҳои техники ва илми, пахши донишҳо доир ба принсипҳои хӯрокхӯри ва такмил ё ислоҳоти низоми кишоварзи, бо мақсади ноил шудан ба азхудкуни ва истифодаи ҳарчи пурсамари захираҳои табиӣ беҳтар карда шаванд;
- тақсимоти одилонаи захираҳои хӯроквории ҷаҳон мутобиқи талабот ва бо дарназардошти проблемаҳои кишварҳои чи воридкунанда ва чи содиркунандаи маҳсулоти хӯроквори таъмин карда шавад.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба сатҳи олитарини дастраси саломатии ҷисмони ва равони эътироф мекунанд.
- Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи Паӣмон барои пурра амали шудани ин ҳуқуқ андешида шаванд, чорабиниҳоеро дар бар мегиранд, ки ба хотири:
- таъмини камшавии таваллуди атфоли мурда ва фавти кӯдакон ва инкишофи солими кӯдак;
- беҳбуди ҳамаи ҷиҳатҳои гигиенаи муҳити зист ва гигиенаи меҳнат дар саноат;
- пешгири ва табобати бемориҳои сирояткунанда, маҳалли, касби ва бемориҳои дигар ва мубориза бар зидди онҳо;
- ташкили шароит ҷиҳати таъмини ҳама бо кӯмаки тибби ва нигоҳубини тибби ҳангоми бемори заруранд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таҳсил эътироф мекунанд. Онҳо мувофиқ ҳастанд, ки таҳсил бояд ба рушди пурраи шахсияти инсон ва дарки шарафи ваӣ нигаронида шавад ва бояд эҳтиромро ба ҳуқуқ ва озодии асосии инсон таҳким бахшад. Онҳо ҳамчунин мувофиқ ҳастанд, ки таҳсил бояд ба ҳама имконият диҳад, ки ширкаткунандагони муфиди ҷомеаи озод бошанд, ба ҳусни тафоҳум, муросо ва дӯсти миёни ҳамаи миллатҳо ва ҳамаи гурӯҳҳои нажоди, этники ва дини мусоидат намояд ва ба кори Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи сулҳ кӯмак расонад.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон эътироф мекунанд, ки барои пурра амали шудани ин ҳуқуқ:
- таҳсили ибтидои бояд барои ҳама ҳатми ва бепул бошад;
- таҳсили миёна бо ҳамаи шаклҳои он, аз ҷумла таҳсили миёнаи касбию техники бояд бо роҳи андешидани томами тадбирҳои зарури, аз ҷумла тадриҷан ҷори намудани таҳсили бепул, озод ва дастрас бошад;
- таҳсили оли бояд барои ҳама дар асоси қобилияти ҳар кас бо роҳи андешидани тамоми тадбирҳои зарури, аз ҷумла тадриҷан ҷори намудани таҳсили бепул, дастрас бошад;
- таҳсили аввалия ба андозаи имкон барои онҳое, ки давраи пурраи таҳсили ибтидоии худро нагузаронидаанд ё хатм накардаанд, бояд ташвиқ гардад ва суръат бахшида шавад;
- инкишоф додани шабакаи мактабҳои ҳамаи зинаҳо бояд фаъолона сурат гирад, бояд низоми қаноатбахши мададмаош муқаррар карда шавад ва бояд шароити моддии ҳаӣати омӯзгорон мунтазам беҳтар сохта шавад.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд, ки озодии волидаӣн ва дар ҳолатҳои дахлдор васиёни қонуниро дар бобати барои фарзандони худ интихоб намудани на танҳо мактабҳои аз тарафи ҳокимияти давлати таъсисгардида, балки мактабҳои дигаре, ки ҷавобгӯи ҳадди ақали талабот ба таҳсил, ки метавонад аз ҷониби давлат муқаррар ё тасдиқ карда шавад, мебошанд ва озодии онҳоро дар бобати таъмини тарбияи дини ва ахлоқии фарзандони худ мутобиқи ақидаи шахсии худ эҳтиром намоянд.
- Ҳеҷ як қисми ин модда набояд ба маънии камтар кардани озодии ашхос ва муассисаҳои алоҳида дар бобати таъсиси муассисаҳои таълими ва роҳбари ба онҳо ба шарти риояи ҳатмии принсипҳои дар банди 1 ҳамин модда баёншуда ва талабот дар ин хусус, ки таҳсили дар чунин муассисаҳо додашаванда ҷавобгӯи он ҳадди ақали талаботе бошад, ки метавонад аз тарафи давлат муқаррар гардад, тафсир дода шавад.
Ҳар як давлати ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон, ки ҳангоми ба ҳисоби ширкаткунандагон шомил шудани худ дар қаламрави метрополияи худ ё дигар қаламравҳое, ки таҳти тобеияти ҳуқуқии он қарор дорад, таҳсили ибтидоии ҳатмии бепулро муқаррар карда натавонистааст, ӯҳдадор мешавад, ки дар давоми ду сол нақшаи муфассали чорабиниҳоро барои дар муддати қобили қабул, ки бояд дар ин нақша зикр карда шавад, тадриҷан амали намудани принсипи таҳсили ҳатмии ҳамагонии бепулро таҳия ва қабул намояд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба:
- ширкат дар ҳаёти фарҳанги;
- истифода аз дастовардҳои пешрафти илми ва татбиқи амалии онҳо;
- истифода аз ҳимояи манфиатҳои модди ва маънавие, ки аз ҳама гуна осори илми, адаби ва бадеии офаридаи ӯ бармеоянд, эътироф мекунанд.
- Тадбирҳое, ки бояд аз тарафи давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон барои пурра амали намудани ин ҳуқуқ андешида мешаванд, чорабиниҳоеро дар бар мегиранд, ки барои ҳимоя кардан, инкишоф додан ва пахш намудани дастовардҳои илм ва фарҳанг заруранд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд озодиеро, ки беқаӣду шарт барои таҳқиқоти илми ва фаъолияти эҷоди зарур аст, эҳтиром мекунанд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон фоидаеро, ки аз ташвиқ ва инкишофи робитаҳои баӣналхалқи ва ҳамкори дар соҳаҳои илм ва фарҳанг ҳосил мешавад, эътироф мекунанд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ӯҳдадор мешаванд, ки мутобиқи ҳамин қисми ин Паӣмон дар бораи тадбирҳои аз тарафи онҳо андешидашаванда ва доир ба пешрафт дар роҳи расидан ба риояи ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эътирофшаванда маърӯзаҳо пешниҳод мекунанд.
- а) ҳамаи маърӯзаҳо ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид фиристода мешаванд ва ӯ нусхаҳои маърӯзаҳоро мутобиқи муқаррароти ҳамин Паӣмон ба баррасии Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои ирсол менамояд;
b) Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин ба муассисаҳои махсусгардонидашуда нусхаҳои маърӯзаҳо ё ҳар қисми дахлдори маърӯзаҳои давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмонро, ки низ аъзои ин муассисаҳои махсусгардонидашуда мебошанд, мефиристад, зеро чунин маърӯзаҳо ё қисмҳои ин маърӯзаҳо мансуб ба ҳар гуна масъалаҳое мебошанд, ки мутобиқи асноди конститутсионии онҳо ба доираи вазифаҳои муассисаҳои мазкур шомиланд.
- Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон маърӯзаҳои худро марҳила ба марҳила мутобиқи барномае, ки бояд аз тарафи Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои дар давоми як соли баъди эътибор паӣдо кардани ҳамин Паӣмон аз рӯи машварат бо давлатҳои ширкаткунанда ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи манфиатдор муқаррар карда шавад, пешниҳод мекунанд.
- Дар маърӯзаҳо метавонанд омилҳо ва мушкилоте, ки ба дараҷаи иҷрои ӯҳдадориҳо аз рӯи ҳамин Паӣмон таъсир мерасонанд, зикр карда шаванд.
- Агар иттилооти дахлдор аз тарафи ягон давлати ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон пештар ба Созмони Милали Муттаҳид ё ягон муассисаи махсусгардонидашуда расонида шуда бошад, он гоҳ ба такрори ин иттилоот зарурат нест ва истинод намудан ба иттилооти бо ҳамин тартиб расонидашуда кофист.
Ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ аз рӯи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи ҳуқуқи башар ва озодии асоси Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои метавонад бо муассисаҳои махсусгардонидашуда дар бораи ба Шӯрои мазкур аз тарафи онҳо пешниҳод карда шудани маърӯзаҳо доир ба пешрафт дар роҳи расидан ба риояи муқаррароти ҳамин Паӣмон, ки ба соҳаи фаъолияти онҳо шомил аст, ба мувофиқа расад. Ин маърӯзаҳо метавонанд тафсилоти қарорҳои аз тарафи мақомоти босалоҳияти онҳо қабулшаванда ва тавсияҳоро дар хусуси чунин амал дар бар гиранд.
Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои метавонад ба Комиссияи оид ба ҳуқуқи башар барои барраси кардан ва додани тавсияҳои умуми ё дар ҳолатҳои дахлдор барои иттилоот маърӯзаҳоро дар бораи ҳуқуқи башар, ки аз тарафи давлатҳо мутобиқи моддаҳои 16 ва 17 пешниҳод карда мешаванд ва маърӯзаҳоро дар бораи ҳуқуқи башар, ки аз тарафи муассисаҳои махсусгардонидашуда мутобиқи моддаи 18 пешниҳод карда мешаванд, ирсол намояд.
Давлатҳои манфиатдори ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ва муассисаҳои махсусгардонидашуда метавонанд ба Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои мулоҳизотро доир ба ҳама гуна тавсияҳои умуми мувофиқи моддаи 19 ё аз рӯи истинод ба чунин тавсияҳои умуми дар ҳама гуна маърӯзаи Комиссияи оид ба ҳуқуқи башар ё дар ҳама гуна санаде, ки ба он дар он ҷоӣ истинод карда мешавад, пешниҳод намоянд.
Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои метавонад вақт ба вақт ба Ассамблеяи Генерали маърӯзаҳоро бо тавсияҳои дорои хислати умуми ва бо шарҳи мухтасари иттилооте, ки аз давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ва аз муассисаҳои махсусгардонидашуда дар бораи тадбирҳои андешидашуда ва натиҷаҳои ҳосилшуда дар соҳаи таъмини риояи умумии ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эътирофшаванда мерасанд, пешниҳод намояд.
Шӯрои Иқтисоди ва Иҷтимои метавонад таваҷҷӯҳи дигар мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, мақомоти ёрирасони онҳо ва муассисаҳои махсусгардонидашударо, ки бо масъалаҳои расонидани кӯмаки техники машғуланд, ба ҳамаи масъалаҳое, ки вобаста бо маърӯзаҳои дар ҳамин қисми ин Паӣмон зикршаванда ба вуҷуд меоянд ва метавонанд ба ин мақомот ҳангоми дар ҳудуди салоҳияти худ аз ҷониби ҳар кадомашон баровардани қарор дар мавриди мувофиқи мақсад будани тадбирҳои баӣналхалқие, ки метавонанд ба татбиқи пурсамар ва тадриҷии ҳамин Паӣмон мусоидат расонанд, ҷалб намояд.
Давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон мувофиқ ҳастанд, ки ба қатори чорабиниҳои баӣналхалқие, ки ба амали намудани ҳуқуқи дар ҳамин Паӣмон эътирофшаванда мусоидат мекунанд, истифодаи чунин воситаҳо, аз қабили имзои конвенсияҳо, қабули тавсияҳо, расонидани кӯмаки техники ва доир намудани маҷлисҳои минтақави ва маҷлисҳои техники бо мақсади машварат, ҳамчунин таҳқиқоте, ки якҷоя бо ҳукуматҳои дахлдор ташкил карда шудаанд, мансубанд.
Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паӣмон набояд ба маънии камтар кардани аҳамияти муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва оинномаҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда, ки вазифаҳои дахлдори мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои махсусгардонидашударо доир ба масъалаҳои мавриди назари ҳамин Паӣмон муаӣян мекунанд, тафсир дода шавад.
Ҳеҷ як нуқтаи ҳамин Паӣмон набояд ба маънии камтар кардани ҳуқуқи мусаллами ҳамаи халқҳо дар бобати ихтиёрдори ва истифодаи пурра ва озодонаи сарват ва захираҳои табиии худ тафсир дода шавад.
- Ҳамин Паӣмон барои имзо аз ҷониби ҳар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид ё узви ҳар як аз муассисаи махсусгардонидашудаи он, ҳар давлати ширкаткунандаи Статути Суди Баӣналхалқи ва ҳар давлати дигаре, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ширкат дар ҳамин Паӣмон даъват карда шудааст, боз аст.
- Ҳамин Паӣмон бояд ба тасвиб расонида шавад. Тасвибномаҳо дар ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нигоҳдори мешаванд.
- Ҳамин Паӣмон барои ҳамроҳ шудани ҳар давлате, ки дар банди 1 ҳамин модда зикр шудааст, озод аст.
- Ҳамроҳ шудан бо роҳи барои нигоҳдори ба ихтиёри Муниши умумии Созмони Милали Муттаҳид супоридани санад дар бораи ҳамроҳшави сурат мегирад.
- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳои ба ҳамин Паӣмон имзогузошта ё ба он ҳамроҳшударо дар хусуси ба нигоҳдори қабул шудани ҳар як тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшави хабардор месозад.
- Ҳамин Паӣмон баъди се моҳ аз рӯзи ба ихтиёри Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшави эътибор паӣдо мекунад.
- Барои ҳар як давлате, ки ҳамин Паӣмонро ба тасвиб мерасонад ё ба он баъди ба нигоҳдори қабул шудани тасвибномаи сивупанҷум ё санад дар бораи ҳамроҳшави ҳамроҳ мешавад, ҳамин Паӣмон баъди се моҳ аз рӯзи ба нигоҳдори қабул шудани тасвибнома ё санад дар бораи ҳамроҳшавии худи он давлат эътибор паӣдо мекунад.
Муқаррароти ҳамин Паӣмон дар тамоми қисмҳои давлатҳои федеративи бидуни ягон навъ маҳдудият ё истисно татбиқ мегарданд.
Моддаи 29
- Ҳар давлати ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон метавонад ислоҳот пешниҳод кунад ва онҳоро ба Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид манзур намояд. Муншии умуми сипас ҳар ислоҳоти пешниҳодшударо ба давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон ирсол мекунад ва хоҳиш менамояд ба ӯ хабар диҳанд, ки оё онҳо ҷонибдори даъвати конференсияи давлатҳои ширкаткунанда бо мақсади баррасии ин пешниҳодот ва доир намудани овоздиҳи оид ба онҳо ҳастанд ё не. Агар ҳадди ақал аз се як қисми давлатҳои ширкаткунанда чунин конференсияро ҷонибдори кунанд, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ин конференсияро таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид даъват мекунад. Ҳар ислоҳоте, ки бо аксари овозҳои давлатҳои ширкаткунандаи дар овоздиҳи дар он конференсия ҳозирбуда ва ширкаткунанда қабул шудааст, барои тасдиқ ба Ассамблеяи Г енералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда мешавад.
- Ислоҳот баъди аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудани онҳо ва аз ҷониби аз се ду қисми давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паӣмон мутобиқи расмиёти конститутсионии онҳо қабул гардиданашон эътибор паӣдо мекунанд.
- Вақте ки ислоҳот эътибор паӣдо мекунанд, иҷрои онҳо барои давлатҳои ширкаткунандае, ки онҳоро қабул кардаанд, ҳатми мешавад ва барои дигар давлатҳои ширкаткунанда иҷрои муқаррароти ҳамин Паӣмон ва ҳамаи ислоҳоти қаблие, ки аз тарафи онҳо қабул шудаанд, ҳатми боқи мемонад.
Сарфи назар аз хабарҳое, ки мувофиқи банди 5 моддаи 26 анҷом дода мешавад, Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамаи давлатҳоеро, ки дар банди 1 ҳамон модда сухан дар бораи онҳо меравад, доир ба нукоти зерин хабардор месозад:
- имзо кардан, ба тасвиб расонидан ва ҳамроҳ шудан мувофиқи моддаи 26;
- санаи эътибор паӣдо кардани ҳамин Паӣмон мувофиқи моддаи 27 ва санаи эътибор паӣдо кардани ҳама гуна ислоҳот мувофиқи моддаи 29.
- Ҳамин Паӣмон, ки асли матнҳои англиси, испани, хитои, руси ва франсавии он бо ҳам баробар аст, бояд барои нигоҳдори ба боӣгонии Созмони Милали Муттаҳид супорида шавад.
- Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид нусхаҳои тасдиқшудаи ҳамин Паӣмонро ба ҳамаи давлатҳое, ки дар моддаи 26 зикр шудаанд, ирсол менамояд.