Саволҳое, ки зиёдтар пурсон мешаванд
кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»);
ҳуқуқвайронкуниҳои бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд оварда, аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд содир шуда, боиси ҷавобгарии бо қонунгузорӣ муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, гражданӣ ва ҷиноятӣ мегарданд (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»).
шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, яъне шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд, шахси мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ба он баробаркардашуда (шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё узви мақомоти интихоботии давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, шахсони мансабдори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки бо мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд), шахсе, ки хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»).
ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд, ки ҳангоми иҷрои вазифа метавонад боиси ба амал омадани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ гардад ва ба манфиатҳои шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеа ва давлат зарар расонад (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»).
истифодаи якдафъаина, такрорӣ ё мунтазам аз вазифаҳои давлатӣ ва имкониятҳои он, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувор бо як ё якчанд шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда, бо шахс ё гурӯҳи алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои шахс, давлат ва ҷомеа таҳдид мекунад ё зарар мерасонад (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»).
Агар аз ҷониби шахси мансабдор , шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ тамаъҷўии пора ба амал омада бошад ё агар шахси порадода ихтиёран ба мақоме, ки ба оғози парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад хабар диҳад, ў аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (эзоҳи қисми 1 моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
предмети пора ин пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта.
Додани пора шахсан ба шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ ё аз тариқи миёнарав (моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
гирифтани пора ин - аз ҷониби шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ў, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат (моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Бале, воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо:
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (Суроға: шаҳри Хоруғ, кучаи Ленин 304. Тел: (835-22) 2-00-50, Email: vmkb@anticorruption.tj);
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (Суроға: шаҳри Хуҷанд маҳаллаи 20. Тел: (+992 34-22) 2-28-90, (+992 34-22) 2-15-41, Email: sugd@anticorruption.tj);
Раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Суроға: ш.Душанбе кӯчаи Карамов - 20. Тел: (+992 37) 221-28-03, (+992 37) 227-57-21. Email: dushanbe@anticorruption.tj);
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар (Суроға: шаҳри Бохтар кучаи Советӣ 2. Тел: (+992 32-22) 2-26-17, Факс: (+992 32-22) 2-25-33. Email: khatlon@anticorruption.tj);
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб (Суроға: шаҳри Кӯлоб кучаи Н.Ҳувайдуллоев. Тел: (833-22) 2-26-87, Факс: (833-22) 2-26-88, (833-22) 2-67-67. Email: kulob@anticorruption.tj);
Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон (Суроға: шаҳри Панҷакент, кучаи Лоиқ Шералӣ-24. Тел: (8-34-75) 5-55-83, Факс: (8-34-75) 5-55-09, (8-34-75) 5-55-10, Email: zarafshon@anticorruption.tj);
Шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор (Суроға: шаҳри Турсунзода кучаи М.Турсунзода 136. Тел: (831-30) 2-90-27, (831-30) 2-24-13. Email: hisor@anticorruption.tj).
ҳангоми рӯ ба рӯ шудан Шумо метавонед ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони А.Сино, бинои 126/1) ё зерсохторҳои он дар вилояту шаҳрҳо муроҷиат намоед. Рақамҳо барои тамос: (+992 37) 236-64-72, 15-00.