Субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд киҳоянд?
шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, яъне шахсе, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд, шахси мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ба он баробаркардашуда (шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё узви мақомоти интихоботии давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, шахсони мансабдори ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки бо мақомоти давлатӣ, шахси мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд), шахсе, ки хизматрасониҳои давлатиро амалӣ менамояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия»).
Шумораи боздидҳо: 45