13 феврали соли 2026 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Алишер Ҳамид, роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин сардорони воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Сароғоз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 маълумот пешкаш карданд.
Таъкид гардид, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 бо амалисозии босамари ваколату вазифаҳои хизматӣ, таъмини иҷрои дахлдори дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самтҳои назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ, пешгирӣ, ошкору бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва таҳқиқу тафтиши пешакии онҳо корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Дар ин давра кормандони Агентӣ бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1257 вохӯриҳо гузаронида, ҳамзамон барои содир кардани кирдорҳои маъмурии коррупсионӣ нисбати 1644 нафар шахсони масъул парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд оғоз ва нисбати онҳо ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъин намудаанд.
Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 1513 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 324 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардидааст.
Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 3869 муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, бо онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шудааст.
Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Агентӣ 467 тафтишу санҷишҳо гузаронида, ба маблағи 924,4 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки бо назардошти рӯёнидани бақияи зарарҳои соли қаблӣ - 951,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла 704,4 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 246,8 млн. сомонӣ ба корхонаю муассисаҳои давлатӣ барқарор карда шудааст.
Инчунин, аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 19,9 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2025 мақомоти Агентӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият 724,3 млн. сомонӣ ба суратҳисобҳои буҷети давлатӣ барқарор намудаст, ки нисбати соли гузашта - 340,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1979 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои дар қонунгузорӣ пешбинишударо нисбати 1207 нафар ошкор намуда, вобаста ба ин ҷиноятҳо 819 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 1059 нафар ба судҳо фиристонида шудааст.
Дар идома намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ якчанд савол пешниҳод намуданд, ки ба онҳо посухҳои дақиқ ва қаноатбахш дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ