Моҳи январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар толори маҷлистгоҳи раёсати Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ масъулини мақомот ба иштирокчиён дар бораи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумот дода, инчунин роҳҳои пешгирии коррупсия, тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ марбут ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, инчунин масъалаҳои муҳими дигар, аз қабили анҷом додани корҳои ободониву созандагӣ ва таълиму тарбияи наврасону кӯдаконро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ