Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола 9 - май ҳамчун «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Бузургӣ ва Ватанӣ будани он шаҳодат аз он медиҳад, ки башарият дар тули таърихи арзи вуҷуди худ чунин ҷанги мудҳиш, даҳшатнок ва хунину бераҳмонаи асри XX – ро надида буд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз халқи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу буми Ватан ва халқи хеш ба даст яроқ гирифта, бар зидди артиши фашистӣ бархост.
Имрӯз халқи шарифу сарбаланди Тоҷикистон дар арафаи ин иди бузург қарор дошта, барои ҳарчи бошукуҳу шаҳомат ва дар сатҳи олӣ ҷашн гирифтани он омодагӣ дида истодаанд. Итминони комил дорем, ки ин ид ҳамчун иди мондагори таърихӣ ҷашн гирифта шуда, дар саҳифаи таърихи мардуми Тоҷикистон сабт мегардад.
Бояд ҳамин нуқтаро таъкид намуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 аз ҳисоби фарзандони шарафманди собиқ Ҷумҳурии Шӯравӣ - Сотсиалистии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар иштирок варзиданд. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ шуҷоату диловарӣ, ору номуси ватандорӣ ва мардонагиву меҳанпарастиро ба оламиён нишон доданд.
Қобили ёдоварист аст, ки аллакай дар охири соли 1941 дар Тоҷикистон маъракаи омода намудани захираҳои ҳарбӣ – ҷангӣ ва таъсиси қисмҳои низомӣ барои равона сохтан ба фронт оғоз шуда буд. Дар охири ҳамин сол дар Тоҷикистон таъсис додани бригадаҳои махсуси 98 ва 99 – уми тирандозӣ ва дивизияҳои 104 ва 61 – уми савора оғоз ёфта буд.
Дар асоси маълумотҳои бойгонӣ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон 11 қисми нави ҳарбӣ – ҷангӣ таъсис дода, ба фронт равона карда шудааст. Ба ғайр аз қисмҳое, ки аз фарзандони халқи тоҷик буданд, дивизияҳои махсуси тирандозӣ ба монанди дивизияи 45 – уми савораи эҳтиётӣ, полки 213 -уми гвардияи артилерӣ ва полки 179 – уми минамиёт, полки 106 – уми авиатсионии зарбазан ва баталони 31 – уми ҷудогонаи тоҷикон ташкил карда шуда, ба фронт сафарбар карда шудаанд.
Зикр бояд намуд, ки фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумла дар ҳифзи қалъаи Брест, озод намудани шаҳрҳои Севастопол, Одесса, Смоленск, Киев, Ленинград ва дигар маҳалҳои аҳолинишин иштирок кардаанд. Ҳамзамон, дар камонаи (дугаи) шаҳри Курск қаҳрамонию диловариҳо нишон дода, дар озод намудани кишварҳои Белорусия, давлатҳои назди Балтика ва Полша иштироки бевосита доштанд.
Ҷанговарони фиристодаи Тоҷикистон дар баробари дар майдонҳои ҷанг иштирок намудан, боз дар ҳайати гурӯҳҳо (отрядҳои)-и партизании зидди фашистӣ дар давлатҳои Фаронсаву Италия ва дигар кишварҳои Ғарб иштирок карда, саҳми назарраси хешро гузоштаанд.
Ҳамин тавр, бояд аз он ёдовар шуд, ки фарзандони халқи тоҷик дар ҳамаи майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фаъолона ширкат намуда, қаҳрамониву далерӣ нишон додаанд. Илова ба ин, садҳо фарзандони халқи тоҷик дар дастаҳои (отрядҳои) партизании Ҷумбиши муқовимат дар як қатор кишварҳои олам бар зидди фашистон ҷангида, қаҳрамониву далерӣ ва шуҷоату нотарсӣ нишон дода, ҳалок гардида дар ҳамон сарзаминҳо ба хок супорида шудаанд.
Дар давоми Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аз Тоҷикистон ба фронт зиёда аз як миллиард рубли Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳазору понздаҳ тонна ғалла, дусаду сездаҳ тонна гӯшт, ду ҳазору чордаҳ тонна картошкаю сабзавот, чорсаду панҷову ҳашт тонна мева, зиёда аз яксаду панҷоҳ тонна озуқаворӣ, панҷсаду сию ду ҳазор комплект либоси гарм, яксаду бистусе ҳазор пусти гусфанд, 25 ҳазор метр матоъ, нуҳсаду навадусе ҳазору чорсад килограмм пашм фиристода шуд.
Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон либосҳои ҳарбӣ, лавозимоту таҷҳизоти низомӣ, парашют ва ғайра истеҳсол намуда, ба фронт равона карданд.
Илова бар ҳамаи ин, зиёда аз сад ҳазор нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷангзада ба Тоҷикистон равон карда шуданд, ки онҳо дар ин сарзамин паноҳ ёфтаанд ва зиёда аз даҳ ҳазори онҳо кӯдакон буданд. Мардуми Тоҷикистон ҳамаи онҳоро бо тамоми лавозимоти зарурӣ: манзил, хӯрок, сару либос, пойафзол ва ғайра ба пуррагӣ таъмин намуданд.
Аз сарчашмаҳои таърихии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 аён аст, ки коргарону деҳқонони Тоҷикистон дар ақибгоҳ бо меҳнат ва заҳматҳои шабонарӯзии худ таҳти шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» кору фаъолият мекарданд. Ба мушкилӣ ва вазнинӣ нигоҳ накарда, ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бо орӯ номус кӯшиш ба харҷ медод, ки заррае ҳам бошад саҳми хешро баҳри ҷанговарон гузошта, ҳамин тавр рӯзу соати Ғалабаро наздик намоянд.
Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки мо аз он сарбаланд ва ифтихорманд ҳастем, ки фарзандони шуҷову далери халқи тоҷик дар якҷоягӣ бо фарзандони ватандӯсти ҷумҳуриҳои собиқ Итттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, шараф ва обрӯю эътибори миллати тоҷикро дар назди дигар ҳалқҳои ҷаҳон ба арши аъло расонидаанд.
Ҳар лаҳзае, ки мо саҳифаҳои таърихи халқи тоҷикро варақ мезанем, мебинем, ки зиёда аз 90 ҳазор фарзандони мо баҳри дифои Ватан, барои шарафу номус ва озодии мардуми хеш дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар майдони ҷанг ҳалок гаштаанд. Қаҳрамониҳову корнамоиҳои ҷанговарони шуҷоъ ва диловари халқи тоҷик аз тарафи давлат ва Ҳукумати даврони ИҶШС қадрдонӣ карда шуда, 60 нафар ҳамватанони мо ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 мушарраф гардонида шудаанд.
Ҳамин тавр, бояд хулоса кард, ки ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 бар Олмони (Германия) фашистӣ, пеш аз ҳама, маҳз тавассути ягонагию якдилӣ, иродаю матонат, далерию шуҷоатмандӣ, қаҳрамониҳову корнамоиҳо, фидокориву садоқатмандӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дӯстиву рафоқати бештар аз сад миллату халқиятҳо ба даст оварда шуда буд.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945 ва оилаҳои қӯрбониёни онҳоро тамоми хурду бузурги мардуми кишвар баҷо меоранд. Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ эҳтиром ва ғамхориҳои хоса зоҳир намуда, мунтазам таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта шудаанд.
Барои исботи андешаи мазкур суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорем, ки чунин гуфтаанд: «Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кӯмаки беминнат ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсонию имонии ҳар як шахси савобҷӯ мебошад. Ҳар як узви ҷомеа ва қабл аз ҳама ҷавонон ба қадри собиқадорони ҷангу меҳнат, умуман калонсолон расанд ва эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд».
Имрӯз хотираи он родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту рушди соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст. Дар оянда низ корнамоиҳои падару бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо хоҳад буд. Мо сари таъзим ба ёди ҷонбозиҳои онҳо фуруд оварда, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору пайкори созандаву бунёдкоронаи моро нохалафҳои ҷангҷӯву фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд.
Омӯзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машварат, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯзу фардои халқи тоҷик дар роҳи рушди давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи марзу буми он дастури зиндаи амал ба шумор меравад.
Ҷашн гирифтани «Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Бо самимият ҳамагонро бо 81 - умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва музаффариятҳо таманно дорем.
Иди Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!
Маркази матбуоти Агентӣ.