Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шавкатзода З. нишон дод, ки номбурда дар вазифаи нозир коргузор дар суди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷинояти қаллобӣ зад.
Чунончи, моҳи феврали соли 2026 шаҳрванд С.И.С. ба Шавкатзода З. дар хусуси мусоидат кардан ҷиҳати таъин намудани ҷазои нисбатан сабук ба шиносаш - судшаванда А.У.М., ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо моддаи 110 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии суди ноҳияи Спитамен қарор дошт, муроҷиат намуд.
Дар навбати худ, Шавкатзода З. қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ назди худ пеша намуда, дидаву дониста аз он ки ӯ ҳамчун нозир коргузор ба судшаванда А.У.М. вобаста ба таъини ҷазо ягон гуна мусоидат карда наметавонад, аз вазъияти муносиб истифода бурда, барои иҷрои амали мазкур аз С.И.С. маблағи 6000 доллари ИМА-ро талаб карда, ин маблағро дар якчанд ҳолат аз номбурда гирифта, тасарруф намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Шавкатзода З. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Суғд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ