Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Мукумов Ш.А. дар вазифаи директори ҶДММ «Дилофруз» кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолати зерин даст ба ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакорӣ зад.
Чунончи, давоми солҳои 2023-2025 ҶДММ «Дилофруз» дар озмунҳои тенедерӣ ҷиҳати сохтмони иншоотҳои гуногуни давлатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон ширкат варзида, ғолиби он эътироф гаштааст. Дар ин муддат, Мукумов Ш.А. ҳамчун директори ҷамъият қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро бо роҳи азонихудкунӣ назди худ пеша намуда, бо роҳи сохтакорӣ дар санадҳои иҷроиши корҳо маълумоти таҳрифшуда ворид карда, бо ин васила арзиши ҳаҷми корҳои иҷрошударо ба маблағи умумии 667 923 сомонӣ барзиёд нишон дода, бо ин роҳ маблағи мазкурро тасарруф ва дар эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Мукумов Ш.А. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 бандҳои «а,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ