Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии дастовардҳо ва таҷрибаи татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар давраи 35-соли Истиқлоли давлатӣ, тасмим гирифтааст, ки 28 - августи соли 2026 соати 15:00 дар маҷлисгоҳи калони бинои дастгоҳи марказии Агентӣ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» ташкил ва баргузор намояд.

Дар назар аст, ки дар кори конфронс намояндаҳои воломақоми вазорату идораҳои кишвар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои олии таълимӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзанд.

Зимнан, аз намояндагони васоити ахбори омма таклиф ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ба таври васеъ инъикос намудани чорабинии болозикр дар кори Конфронс иштирок намоянд.

Маркази матбуоти Агентӣ