Ба диққати намояндагони воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2026, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, 22 - июли соли 2026, соати 08:00 дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Сино, бинои 126/1 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Аз намояндагони ВАО эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки зимни ташриф овардан ба Агентӣ бо худ шаҳодатномаи хизматӣ дошта бошанд.
Маркази матбуоти Агентӣ