Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 7 июли соли 2026 ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея сафари корӣ анҷом дод.
Дар рафти сафари корӣ масъулини Агентӣ бо раванди фаъолияти кории Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, аз фаъолияти кории ин ниҳоди зиддкоррупсионӣ баҳра бардоштанд.
Аз ҷумла, зимни сафар раванди амалисозии платформаҳои муосири зиддикоррупсионии «Низоми арзёбии рейтингии самаранокии фаъолият», «Портали пок» ва дигар низомҳои муосири электронӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуда, дар назар аст, ки низомҳои зикршуда давоми соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷониби кореягӣ ва шарикони рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳанд гашт.
Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ вохӯрии дуҷониба байни масъулини Агентӣ ва Комиссия атрофи баимзорасонии Ёддошти тафоҳум ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гашта, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идома додани робитаи муштарак бо мақсади расидан ба ҳадафҳои умумиро иброз намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ