Бо мақсади таблиғи ҳаёти солим ва бахшида ба 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд байни кормандони мақомот оғоз ёфт.

Зимнан, чорабинӣ аз тарафи муовини якуми директори Агентӣ – Расулӣ Б. ҳусни оғоз бахшида шуда, номбурда роҷеъ ба нақши Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва аҳмияти варзиш ба ҳаёту саломатии инсон суханронӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки мусобиқа аз 16 то 24 июли соли 2026 баргузор карда шуда, дар рафти он 10 дастаҳо аз ҳисоби воҳидҳои сохтории Агентӣ байни худ қувваозмоӣ менамоянд. Ғолибони мусобиқа дар шароити тантанавӣ қадрдонӣ хоҳанд гашт.  

Маркази матбуоти Агентӣ