Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Назриев С.А. дар вазифаи сармуҳосиби Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Муъминобод кору фаъолият намуда, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколатҳои мансабдориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноятҳои қасдона зад.
Чунончи, Назриев С.А. қасдан ва бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, дар давраи фаъолияти кориаш давоми солҳои 2025-2026 бо роҳи сохтакории асноди муҳосиботӣ дар якчанд ҳолат ҷамъ маблағи 1.064.768 сомониро ҳамчун пардохти музди маош ва дигар хароҷотҳо дар ҳисоботҳои Муассиса нишон дода, ин миқдор маблағро ба корти бонкии дигар корманд, ки дар ихтиёраш қарор дошт, интиқол дод. Зимнан Назриев С.А. маблағи зикршударо тариқи банкоматҳои ҳудуди ноҳияи Муминобод нақдӣ кунонида, ба тасарруфи худ даровард.
Ғайр аз ин, Назриев С.А. кирдорҳои ҷиноятии худро вобаста ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ идома дода, давоми моҳи моҳи ноябри соли 2025 то моҳи феврали соли 2026 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо сардорори шуъбаи хазинадории раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Абдуалимзода З.Н. амал намуда, аз ҳисоби маблағҳои буҷетии дар сметаи хароҷотии Муассиса ҷойдошта бо баҳонаи харидории маводҳои конселярӣ, хоҷагидорӣ, хӯрокворӣ ва сохтмонӣ бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» амал карда, бидуни дархости тендерӣ тибқи супоришномаҳои пардохтӣ маблағи 2.163.380 сомониро ба суратҳисоби як қатор ҷамъиятҳо гузарониданд.
Минбаъд, Назриев С.А. ва Абдуалимзода З.Н. ба востаи ҷамъиятҳо аз бонкҳои хизматрасон маблағи умумии 2.163.380 сомониро нақдӣ кунонида, тасарруф намуданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Назриев С.А. ва Абдуалимзода З.Н. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б», 262 қисми 1, 316 қисми 1, 318 ва 340 қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айборкунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ