Санаи 2-3 июли соли 2026 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Чорабинӣ аз тарафи Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея дар ҳамбастагӣ бо Дафтари Барномаҳои Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Сеул ташкил карда шуда, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар арсаи байналмилалӣ, амалисозии чораҳои муосири зиддикоррупсионӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар ин раванд ва мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия арзёбӣ гашт.
Дар корӣ Форум намояндагони ниҳодҳои зиддикоррупсионӣ ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ зиёда аз 12 давлати дунё ширкат варзида, байни иштирокчиён оид ба таҷрибаҳои пешқадам роҷеъ ба амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ дар кишварҳои худ мубодилаи афкор сурат гирифт, ки рафти он намояндаи Агентӣ низ фаъолона ширкат варзид.
Дар маҷмӯъ, Форум дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки донишу таҷрибаи андӯхташуда аз натиҷаи иштирок дар чорабинии мазкур минбаъд дар раванди фаъолияти корӣ истифода хоҳанд гашт.
Маркази матбуоти Агентӣ