1 сентябри соли 2026 бо мақсади арҷгузорӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар Ҷамоати шаҳраки Хуррамдиёр ва Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Дар ин чорабиниҳо роҳбарият ва шахсони масъули Агентӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, аҳли зиё, фаъолон ва доираи васеи сокинони ҷамоатҳо ширкат варзиданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи сокинон гӯшаҳои намоишгоҳи дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзону соҳибкорони маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, барои истиқоматкунандагони ҷамоатҳо зиёфати идона ташкил карда шуда, бо иштироки санъаткорони маъруф ва аҳли фарҳанг барномаи фарҳангии идона бо сурудҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд, ки ба ҳозирин руҳу илҳоми тоза бахшид.
Бояд қайд намуд, ки ҳадафи асосии баргузории чорабиниҳои зикршуда ин таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба дастовардҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва эҷоди фазои шодиву нишот барои сокинони ноҳия арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ, чорабиниҳо дар фазои идона, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои арҷгузорӣ ба ин ҷашни муқаддаси миллӣ ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Маркази матбуоти Агентӣ