17 июли соли 2026 дар бинои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе идомаи даври омӯзишии минтақавӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии бархӯрди манфиатҳо» баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ мутахассисони Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии Минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таҷрибаи амалии ин ниҳод дар самти пешгирӣ, ошкорсозӣ ва таҳқиқи қонуншиканиҳои марбут ба бархӯрди манфиатҳо маърӯза намуда, механизмҳои самараноки идоракунӣ, тартиби арзёбии хавфҳо, роҳҳои баланд бардоштани шаффофият ва масъулияти хизматчиёни давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, коршиносони байналмилалии дигар оид ба асосҳои ҳуқуқии танзими бархӯрди манфиатҳо, таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар самти пешгирии коррупсия, нақши меъёрҳои ахлоқии хизмати давлатӣ, истифодаи воситаҳои муосири идоракунӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд. Дар доираи муҳокимаҳо иштирокчиён оид ба роҳҳои такмили қонунгузорӣ, таҳкими низоми назорати дохилӣ ва истифодаи таҷрибаи муваффақи кишварҳои гуногун мубодилаи афкор анҷом доданд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва омӯзиши амалияи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон барои баланд бардоштани сатҳи касбият, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Аз натиҷаи чорабинӣ дар хусуси бо муввафақият хатм намудани даври омӯзишӣ ба иштирокчиён шаҳодатномаҳо тақдим карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва байналмилалӣ баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани талошҳо дар самти пешгирӣ ва танзими бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ, инчунин такмил додани дониш, малака ва таҷрибаи амалии иштирокчиён заминаи мусоид фароҳам овард.

Маркази матбуоти Агентӣ