11 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Ализода Зариф, роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони мақомот ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентӣ оид ба ҷамъбастии натиҷаи фаъолияти мақомот барои нимсолаи аввали соли 2026 доир гардид.
Ба кори ҷаласа директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, дар идома ба иштирокчиён вобаста ба фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ахборот манзур намуданд.
Қайд гардид, ки таҳлилу баҳогузории фаъолияти мақомот нишон медиҳад, ки дар нимсолаи авввали соли 2026 кормандони Агентӣ бо амалисозии босамари ваколату вазифаҳои хизматӣ, таъмини иҷрои дахлдори дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самтҳои назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ, пешгирӣ, ошкору бақайдгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва таҳқиқу тафтиши пешакии онҳо ба анҷом расонида, дар ин ҷода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштаанд.
Ҳамзамон, дар баромади худ директори Агентӣ вобаста ба фаъолияти анҷомдодаи мақомот дар робита ба супоришҳои протоколии Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо марбут ба истифодаи ғайриқонунӣ ва дуздии қувваи барқ, фурўш ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин, экстремизм ва терроризм, риояи қонунгузории миллӣ дар самти танзими ҷашну маросим, инчунин муайян ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва корҳои амалишуда дар самти таблиғу ташвиқи зиддикоррупсионӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.
Дар иртибот ба корҳои иҷрогардида директори Агентӣ таваҷҷуҳи кормандонро ба камбудиҳои дар фаъолияти мақомот ҷойдошта ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Зимнан, баромади ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф шунида шуда, номбурда вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти мақомот пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласа бо унсури замонавӣ бо истифода аз технлогияҳои коммуникасионӣ гузаронида шуда, дар рафти он тамоми кормандони воҳидҳои сохтории маҳалливу минтақавии мақомот тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ