Санаи 26-июни соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, санаи 25 июни соли 2026 дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шуд.
Ин воқеа боз як далели равшани он аст, ки таҷрибаи сулҳофаринӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллат, ки дар Тоҷикистон ба барқароршавии сулҳу ризоияти миллӣ ва таҳкими давлатдории навин заминаи мустаҳкам гузошт, имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун намунаи арзишманд эътироф мегардад. Агар 27 - июни соли 1997 барои мардуми Тоҷикистон оғози марҳилаи нави сулҳу созандагӣ бошад, пас қабули ин Қатънома аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи он аст, ки ғояҳои сулҳпарваронаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон аз доираи як кишвар фаротар рафта, ба рӯзномаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлат дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Аз ин рӯ, ин падида мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, ки сиёсати хирадмандона, сулҳҷӯёна ва ваҳдатофари Пешвои маҳбуби миллат на танҳо барои пешрафти кишвари азизамон, балки барои таҳкими сулҳу субот дар ҷаҳон низ хизмат менамояд.
Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, онро муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳпарвару фарҳангдӯсти тоҷик баҳо доданд.
Дар идомаи ҷаласа ба хотири арҷгузорӣ ба ин дастоварди муҳим ба ҳайати шахсии мақомот филми кӯттоҳи ҳуҷҷатӣ вобаста ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ба намоиш гузошта шуд.
Ғайр аз ин, бояд қайд намуд, ки бахшида ба ин ҷаҳни пуршукӯҳ дар тамому раёсату шуъбаҳои маҳалливу минтақавии мақомот ҷаласаҳои тантанавӣ доир карда шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ