Санаи 8 августи соли 2026 бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қоҳи фарҳанги ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳамоишӣ сиёсӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва шахсони масъули Агентӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, намоядагони ниҳодҳои давлатии дар ҳудуди ноҳия фаҳолияткунанда, меҳмони даъватшуда ва доираи васеи фаъолону сокинони ин диёр ширкат варзиданд. 
Нахуст чорабиниро директори Агентӣ – Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба нақши Истиқлолият дар ташаккули давлатдории миллии тоҷикон суханронӣ намуданд. 
Қайд гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ яке аз муқаддастарин ва олитарин дастовардҳои Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб рафта, маҳз бо талошҳои шабонарӯзии абарманди таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки сулҳу суботи комилро нигоҳ дошта, густариши босуръати кишвари худро ба ояндаи дурахшон таъмин намоем. ...... 
Дар идомаи чорабинӣ вобаста ба муҳиммияти пояҳои Истиқлоли давлатӣ, нақши Пешвои миллат дар густариши давлатдории навини тоҷикон ва дастоварҳои ноҳияи Дӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ маърӯзахои пурмуҳтавои раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон - Мукаррам Р., Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” - Абдуллои Р. ва раиси ноҳияи Дӯстӣ - Нишондода Д.Н. шунида шуд. 
Зимнан, бо мақсади арҷгузорӣ ба ин ҷашни муқаддас дар қисамти хотимавии чорабинӣ унвонии иштирокчиён барномаи васеи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони маъруфи кишвар ташкил ва баргузор карда шуд. 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар шароити тантанавӣ баргузор гардида, бо итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани ҳисси миллии сокинон ва арҷгузорӣ ба пояҳои давлаторӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

Маркази матбуоти Агентӣ