15 июни соли 2026 дар малисгоҳи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, филми мустанади «Баёзи Ваҳдат» пешкаши иштирокдорон гардонида шуд. Сипас сардори раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, генерал-майори адлия Сафарзода С. ва коршиноси масъалаҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо роҷеъ ба паҳлуҳои  гуногуни Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, онро муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳпарвару фарҳангдӯсти тоҷик баҳо доданд.

Чорабинӣ дар руҳияи идона баргузор гардида, аз натиҷаи он иштирокдорон ба худ ғизои хуби маънавӣ гирифтанд.

Маркази матбуоти Агентӣ