22 июли соли 2026 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Алишер Ҳамид, роҳбарият ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин сардорони воҳидҳои маҳаллию минтақавии мақомот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Сароғоз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид чорабиниро ифтитоҳ намуда, ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумот пешкаш карданд.
Таъкид гардид, ки дар ин давра кормандони Агентӣ бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок ба омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 840 вохӯриҳо гузаронида, ҳамзамон 940 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор ва баррасӣ намуданд.
Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 134 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардидааст.
Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 1822 муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардида, бо онҳо қарорҳои қонунӣ қабул карда шудааст.
Ҳамзамон аз ҷониби мутахассисони Агентӣ 286 тафтишу санҷишҳо гузаронида шуда, ба маблағи 315,9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки аз он 292,2 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якуми соли 2026 мақомоти Агентӣ аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият дар маҷмӯъ 331,4 млн. сомонӣ зарар ошкор ва бо назардошти барқарорсозии бақияи зарар бо парвандаҳои ҷиноятии соли қаблӣ, рӯёнидани маблағи бақияпулиҳои андоз ва таъини ҷаримаҳои маъмурӣ 449 млн. сомонӣ барқарор кардааст, ки 349,5 млн. сомонии он бевосита ба буҷети давлат, 87,1 млн. сомонӣ ба корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, инчунин 12,4 млн. сомонӣ ба ҷамъиятҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон рост меояд.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1321 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 711 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 425 парвандаи ҷиноятиро нисбати 504 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.
Дар идома аз тарафи намояндагони воситаҳои ахбори омма ба роҳбарияти Агентӣ саволњо пешниҳод карда шуданд, ки ба онҳо масъулини мақомот посухҳои дақиқ ва қаноатбахш манзур намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ