16 июли соли 2026 дар бинои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даври омӯзишии минатақавӣ дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии бархӯрди манфиатҳо» баргузор гардид.  

Чорабинии мазкур аз тарафи Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуда, ҳадафи он баррасии масъалаи танзими ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони Агентӣ, масъулини вазорату идораҳои кишвар, намояндагони мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, масъулини созмонҳои минтақавӣ ва мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Нахуст чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба паҳлуҳои танзими раванди бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ва чораҳои андешидаи кишвар дар ин самт ибрози андеша намуданд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мубориза бо коррупсияро, бахсус аз байн бурдани бархӯрди манфиатҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор додааст.

Дар ин ҷода, дар Тоҷикистон бо мақсади танзими ин раванд тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва амалии зарурӣ мавҷуд буда, бо мақсади мураттабсозии ин раванд як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Илова бар ин, кишвари мо бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ давра ба давра чораҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст.

Дар идомаи чорабинӣ байни иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, роҳҳои ошкорсозӣ, пешгирӣ ва рафъи бархӯрди манфиатҳо, инчунин истифодаи технологияҳои рақамӣ ва муосир дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифта, зимнан аз тарафи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд.

Ҳамзамон, дар рафти даври омӯзишӣ аз тарафи масъулини Агентӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бархӯрди манфиатҳо» муаррифӣ карда шуд, ки он аз тарафи иштирокчиён ва мутахассисони байналмилалӣ мусбӣ қабул гардид.

Тибқи барномаи чорабинӣ идомаи он то 17 июли соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст ки дар рафти он таҷрибаи Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии Минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти танзими бархӯрди манфиатҳо мавриди омӯзиш қарор гирад.

Маркази матбуоти Агентӣ