Санаи 28 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин муаррифии дастовардҳо ва таҷрибаи татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, баррасии масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин таҳияи пешниҳодҳои илмӣ ва амалии муассир ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият, волоияти қонун ва самаранокии идоракунии давлатӣ дар шароити рушди устувор арзёбӣ гашт.
Дар кори конфронс роҳбарият ва кормандони Агентӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ - Ватанзода М.М., муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Муборакшозода Ғ.Ғ., муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ф.А., роҳбарият ва шасхони масъули дигар вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ширкат вазиданд.
Нахуст чорабинӣ бо ироаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида шуда, зимнан директори Агентӣ – Султонзода Сулаймон Саид бо сухани ифтитоҳӣ ва маърӯза дар мавзӯи «Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ» баромад намуданд.
Қайд гардид, ки воқеан Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин ганҷи миллат буда, бо шарофати он забон, фарҳанг, анъанаҳои неки ниёгон ва таърихи пурифтихори халқамон ҳамчун асоси ҳаёти ҷомеа эътироф гардида, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба решаҳои миллӣ тарбия меёбад.
Истиқлол на танҳо рамзи озодӣ, балки масъулияти бузург дар назди таърих ва наслҳои оянда буда, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз ин истиқлолу озодӣ бо ҳисси баланди ватандустӣ асолати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин намоем.
Зимнан дар доираи мавзӯи баррасишаванда баромади иштирокчиёни дигари чорабинӣ роҷеъ ба «Нақши Парламент дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: такмили минбаъдаи қонунгузории миллии зиддикоррупсионӣ», «Пешгирии қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳал», «Риояи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили пешгирии амалҳои коррупсионӣ», «Мақомоти прокуратура дар раванди таъмини волоияти қонун ва муқовимат ба коррупсия» ва дигар мавзӯи ҷолиби диққат шунида шуд.
Дар фарҷоми конференсия як қатор иштирокчиён бинобар гузоштани саҳми арзанда дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва иштироки фаъолона дар кори конфронс бо сипосномаи мақомот сарфароз гардонида шуданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишу таҷрибаи зимни ширкат дар он бадастомада дар фаъолияти хизматии иштирокчиён баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар истифода хоҳад гашт.
Маркази матбуоти Агентӣ