Санаи 19 июни соли 2026 дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон муҳтарам Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии «Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи аудити давлатии Гурҷистон дар самти муқовимат ба коррупсия» доир гардид.

Чорабинӣ дар шароити тантанавӣ сурат гирифта, санади ҳамкорӣ аз ҷониби директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид ва Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон - Мака Бочоришвили ба имзо расонида шуд.

Баимзорасонии Ёддошти мазкур бо назардошти эътироф намудани асосҳои соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти миллӣ, баробарӣ ва манфиатҳои ҳарду давлати дӯсту бародар иқдоми саривақтӣ ва мақсаднок ба ҳисоб рафта, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвият бахшидани фаъолият миёни мақомоти марбута дар самти муқовимат ба коррупсия дар оянда ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва паст кардани шиддати ин зуҳурот шароити мусоидат фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ