Ҳар сол мардуми тоҷик 27 июн - Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон буда, барои татбиқи раванди созандагии давлат заминаи устувору мусоидро фароҳам овард.
27 июни соли 1997 рӯзест, ки Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд. Дар ин рӯзи таърихӣ ва воқеан ҳам сарнавиштсоз тоҷикон боз бо як санҷиши сангину фоҷеабори таърих бархӯрда, пас аз ихтилофоту музокироти бардавом ниҳоят ба дарки асли воқеият расиданд, боз якдилу якмаром гаштанд, ҳамдигарро самимона ба оғӯш кашиданд.
Таърих гувоҳ аст, ки солҳои 1992 - 1997 дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда гузашт. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмӯъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Садҳо хонаҳо сӯзонда, ҳазорҳо иншоот харобу валангор гардиданд. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад, зеро бар асари он ҳазорҳо занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдакон ятим монданд. Тоҷикистон аз марҳилаи рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба муҳлати 40 - 50 сол қафо монд.
Дар чунин вазъият, ки ба кишвар парокандашавӣ таҳдид менамуд, ниёз ба роҳбаре буд, ки иродаи қавӣ дошта бошаду сарсупурдаи миллату Ватан бошад ва ба хотири ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад.
Иҷлосияи тақдирсози 16 - уми Шӯрои Олӣ (16 ноябри 1992), ки наҷоти миллат масъалаи асосии он ба шумор мерафт, бояд роҳбареро интихоб менамуд, ки миллати парокандаро муттаҳид карда тавонад. Мушкилӣ дар дарёфти шахс набуд, балки дар гирифтани масъулият зоҳир мешуд, зеро замоне, ки яроқ кишварро идора мекарду иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ буд, зимоми идораи кишварро на ҳар кас ба дӯш мегирифт. Толеи баланди миллати тоҷик мебошад, ки дар он замони ҳассоси таърихӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба хотири миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон масъулияти сангин ва вазнинро ба дӯш гирифт ва таърих собит сохт, ки ин интихоб дуруст ва саривақтӣ буд.
Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи сулҳи тоҷикон 8 даврро дар бар гирифт ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифин ва намояндаи вижаи Муншии умумии СММ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар хотима гузошта, яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд ва аз он рӯз Тоҷикистони азизи мо бар марҳилаи нави таърихӣ ворид гашт ва ҷиддан ба корҳои ободонию созандагӣ оғоз намуд.
Пас аз он рӯзи нусратбор, 27 июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне баҳамоии миллӣ пазируфта шуд ва асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гардид.
Сулҳу субот, ризояти ҷомеа, Ваҳдати миллӣ хизмати бениҳоят бузургу таърихии халқи азизи Тоҷикистон аст. Маҷмӯи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавие, ки солҳои охир дар ҷомеаи мо ба вуқӯъ мепайванданд, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаи мардуми меҳнатдӯсти кишвар мебошад.
Маҳз Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодҳои Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.
Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.
Иттиҳоди миллӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Сулҳу ваҳдат ва таҳаммулпазирӣ дар табиату хислати мардуми тоҷик ба арзишҳои муқаддас табдил ёфтанд, ки бо ҷону равони мо сиришта шуда, дар ташаккули ахлоқу фарҳанг ва зиндагии маънавии ҷомеаи мо қадру манзалати баланд дорад.
Имрӯз мо низ бояд барои таҳкими рушду нумӯъ ва ифтихори миллӣ эҳтиёҷмандии хеш ва ҷомеаро ба идеяҳои нав ба нави миллӣ таъмин намоем. Азамати сарнавишти андешаҳои миллии хешро барои рушду нумӯъи кишварамон истифода намуда, ваҳдати тоҷиконро ба дигарон фаҳмонда тавонем.
Ваҳдат ҳамеша ифодагари сурату сирати халқи тоҷик ва марому ҳадафи он, ҳимояву посдории ҳастии хеш, арзишҳои фарҳангии хеш ва таъмини ояндаи дурахшони миллат аст.
Имрӯз мо маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва дар ин замина муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризояти ҷомеа тавонистем, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо бояд беш аз пеш дарк ва қадр намоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъю талош варзем.
Мо чун дар арафаи ҷашни Ваҳдат қарор дорем, зарур аст, ки ба он рӯзҳое ки баҳри ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо сурат гирифт, назаре андозем. Дар он солҳои пурдаҳшат бештар ҷавонон фирефтаи хоҷагони мансабхоҳу мансабталош шуда, ба хотири манфиати дигарон дар майдонҳои набард ҷони ҷавони худро аз даст доданд. Он афроде, ки ҷавононро ба майдони ҷанг мекашиданд ва ташвиқ менамуданд, ки «бо мурдан дар роҳи Ҳақ ба дараҷаи шаҳидӣ мерасӣ» барои манфиатҳои нопоку ғаразноки худ ҷавононро қурбон мекарданд.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва алалхусус Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки як ҷузъи он мебошад, нигаронӣ аз он дорад, ки ҳар гуна падидаи номатлуб (тундгароиву ифротгароӣ ва терроризм) доман афрохта, ҷавонони моро низ ба коми худ мекашад. Мутаассифона, баъзе ҷавонони тоҷик низ фирефтаи таблиғоту ташвиқоти дуруғин шуда, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифтротгароӣ шомил шуда, ҷони азизи худро аз даст медиҳанд, ки боиси таассуф ва маломат мебошад.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем.
Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи пешрав ва бунёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд, зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошанд. Ин нуќта дар нисбати Тоҷикистон маънии хоса дорад, чунки 70% аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил мекунанд. Бинобар ин, мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем.
Ҳар як сокини мамлакат, бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар ҳамеша барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва вусъати раванди бунёдкориву созандагӣ саъю талош намояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод менамоем. Ба Шумо сиҳатмандиву саломатӣ ва ба Ватани азизу маҳбубамон сулҳу ваҳдати ҷовидонаро орзумандем.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Маркази матбуоти Агентӣ