20 августи соли 2026 дар дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи муовини директори Агентӣ - Талбакзода Сулаймон Талбак бо Коршиноси мустақили Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъсири қарзи беруна ва дигар уҳдадориҳои байналмилалии молиявии марбутаи давлатҳо дар татбиқи ҳуқуқи инсон, хонум Аттия Варис баргузор гардид.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба коррупсияро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор дода, барои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт, такмили механизмҳои пешгирии коррупсия, таъмини амнияти иқтисодӣ ва таҳкими волоияти қонун чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар идомаи вохӯрӣ байни ҷонибҳо мубодилаи афкор роҷеъ ба паҳлуҳои амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, роҳҳои муосири муқовимат ба коррупсия ва истифодаи технологияҳои муосир барои пешгирии ин зуҳурот сурат гирифт. Ҳамзамон масъулини Агентӣ ба саволҳои пешниҳоднамудаи коршинос вобаста ба самти фаъолияти мақомот ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Дар маҷмӯъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо ба аҳамияти идомаи чунин робитаҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд доданд.

Маркази матбуоти Агентӣ