25 июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир ба муаррифии «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба корупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, зерсохторҳои вазорату идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуданд.

Аснои чорабинӣ ба иштирокчиён ҳадаф, вазифа ва механизмҳои амалигардонии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия фаҳмонида дода шуда, таъкид гардид, ки танҳо дар сурати амалисозии воқеии чорабиниҳои пешбинишуда ба натиҷаҳои чашмдошт муваффақ хоҳем гашт.

Дар фарҷом иштирокчиён доир ба масъалаи баррасишаванда таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуда, ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ