Санаи 16-июни соли 2026 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод бо иштироки васеи намояндагони мақомоти давлатӣ, раисони комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони зерсохторҳои вазорату идораҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва дигар масъулини иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) муаррифӣ гардида, намояндагони Агентӣ мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро муфассал шарҳ дода, ҳадафҳо, вазифаҳо ва механизмҳои амалигардонии онро барои иштирокчиён тавзеҳ доданд.
Дар идомаи семинар ба фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия, аз ҷумла, доир ба зарурати тақвияти фаъолияти комиссия, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз оқибатҳои ногувори зуҳуроти коррупсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ диққати махсус зоҳир гардида, камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти комиссияҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои бартараф намудани он мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ