Моҳи июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ доир ба муаррифии «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» гузаронида шуд, ки дар он доираи васеи хизматчиёни давлатии ҳудиди минтақаи Бохтар ширкат варзиданд.  

Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён ҳадаф, вазифа ва механизмҳои амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) фаҳмонида дода шуда, ҳамзамон масъалаҳои муҳими татбиқи самараноки чорабиниҳои пешбинишуда ва тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, таклифу пешниҳодҳои худро иброз дошта, ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулини Агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Маркази матбуоти Агентӣ