Таҳти ин шиор санаи 4 августи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд ба номи С. Ӯрунова вохурӣ бо кормандони соҳаи тандурустии вилояти Суғд барпо карда шуд.  

Дар чорабинии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯза баромад намуда, моҳияти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсиониро бо таҳлили вазъи содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ миёни кормандони соҳа мавриди таҳлилу муҳокима қарор доданд.

Дар маҷмӯъ вохӯрӣ дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён нақши муҳим мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ