Моҳи августи соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо роҳбарону кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, масъулини соҳаи тандурустӣ барои риояи қонунгузорӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон ва таҳкими шаффофият дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бояд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Сипас намояндагони Агентӣ вобаста ба вазъи иҷрои қонунгузории зиддикоррупсионӣ, натиҷаҳои санҷишҳои молиявии дар муассисаҳои тандурустӣ гузаронидашуда, ошкори қонуншиканиҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ байни намояндагони Агентӣ ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ