Моҳи июни соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳои барпошуда, доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти онҳо аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.
Дар идомаи чорабиниҳо қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи ниҳоди давлатӣ набуда, дар ин раванд бояд ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд ва танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Маркази матбуоти Агентӣ