Санаи 7-уми июли соли 2026 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни роҳбарияти Агентӣ ва коршиноси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон вохӯрии дуҷониба баргузор гардид.

Ҳадафи баргузор намудани вохӯрӣ арзёбии мустақили барномаҳои Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби коршиноси ин ниҳод ба ҳисоб рафта, дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, нақши созмонҳои байналмилалӣ дар амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои марбут ба муқовимат ба коррупсия муколамаи судманд анҷом доданд.

Вохӯрии мазкур ҳамчун маҳаки тақвиятдиҳандаи муносибатҳои мутақобила арзёбӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди бештари ҳамкориҳо баён намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ