17 августи соли ҷорӣ кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Масъулини китобхона оид ба фаъолияти муаасиса иттилоъ дода, зимнан бо роҳнамоии онҳо кормандон аз толорҳои хониш, шуъбаи адабиётҳои хориҷӣ, шуъбаи матбуоти даврӣ, шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ дидан намуданд.
Бояд қайд намуд, ки нақши китобхона дар рушди маърифати ҷомеа, ҳифз ва муаррифии мероси ниёгон, баланд бардоштани фарҳанги миллӣ басо муҳим арзёбӣ гашта, баргузории чунин чорабиниҳо ба ташаккули маърифати китобдӯстӣ ва имломӯзии кормандон таъсири мусбии худро мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ