Бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия давоми моҳи июли соли 2026 бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе ва Кохи Лоиқ Шералии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давдалтии шаҳри Панҷакент суҳбату вохӯриҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини Агентӣ муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақша чорабиниҳои амалисозии он дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), инчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ ироа гардиданд.  

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррурсионӣ арзёбӣ мегардад.

Маркази матбуоти Агентӣ