6 июли соли 2026 бо ташаббуси Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардиданд.
Дар ин чорабиниҳо доираи васеи кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуда, дар рафти онҳо масъулини Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, диққати ҳозиринро ба масалаҳои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин шарҳу таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ҷалб намуданд.
Қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ набуда, дар ин раванд бояд ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намояд. Танҳо дар ҳамбастагӣ мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гашта, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми арзанда гузорем.
Маркази матбуоти Агентӣ