Моҳи июни соли ҷорӣ бо ташаббуси воҳидҳои сохтории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» дар вилояти Хатлон ва шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия сӯҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои барпошуда масъулини Агентӣ бо маърузаҳо баромад намуда, тавваҷуҳ иштирокчиёнро ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва вантандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия равона сохтанд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ