29-июли соли 2026 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва мубодилаи таҷриба барои кормандони самтҳои тафтишотӣ ва оперативии мақомот семинари омӯзишии маҷозӣ баргузор карда шуд.
Дар семинари мазкур муовини сардори Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Нигмаджанов У.У. дар мавзӯи «Стандартҳои нави FATF (Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бо шустани пул) дар самти баргардонидани дороиҳо ва истифодаи шабакаҳо» баромад ва андешаронӣ намуд.
Қайд карда шуд, ки пешбурди фаъолияти котиботи Шабакаи байниидоравӣ оид ба баргардонидани дороиҳо дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ ба зиммаи Академияи болозикр вогузор шуда, дар ҳамкорӣ бо Агентӣ, ки аъзои Шабакаи мазкур мебошад, дар муттаҳид сохтани талошҳо дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллии иқтисодӣ, пулшӯӣ, баргардонидани дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва мубориза бо коррупсия метавонанд корҳои назаррас анҷом диҳанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ доир ба мавзӯъ байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, намояндаи Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба саволҳои иштирокчиёни семинар ҷавобҳои мушаххас манзур намуд.
Маркази матбуоти Агентӣ