22 июни соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030)» баргузор карда шуд.
Зимнан, дар рафти чорабинӣ намояндагони Агентӣ мазмуну моҳияти ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро муфассал шарҳ дода, ҳадафҳо, вазифаҳо ва механизмҳои амалигардонии онро барои иштирокчиён тавзеҳ доданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ