3-августи соли 2026 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои кишвар ва масъулини мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (UNDP) Барномаи зиддикоррупсионии «Тақвияти шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ барои ноил шудан ба натиҷаҳо»-ро роҳандозӣ намуда истода, он ба таъсис додани платформаҳои электронии «Арзёбии рейтингии самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар вазорату идораҳо» (Integrity Efforts Assessment) ва «Портали пок» (Clean Portal) равона карда шудааст.
Зимнан дар раванди мизи мудаввар ба иштирокчиён лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти арзёбии рейтингии самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ дар вазорату идораҳо ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи хабаррасонҳо», ки аз ҷониби масъулини Агентӣ дар ҳамбастагӣ бо коршиносони миллӣ таҳия карда шудаанд, муаррифӣ карда шуд.
Санадҳои мазкур ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани масъулияти ниҳодҳои давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ, таъмини шаффофия ва поктинатӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи муқовимат ба коррупсия равона гардидаанд.
Дар фарҷоми чорабинии зикргардида байни иштирокчиён доир ба лоиҳаҳои пешниҳодгардида мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба такмил додани онҳо иштирокчиёни чорабинӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ