23 июли соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар толори Ҷамоати деҳоти ба номи Дустмурод Алиеви ноҳияи Файзобод вохӯрӣ дар мавзӯи: «Тақвияти ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Агентӣ баромад намуда, моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ ва шарҳи муфассал қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни иштирокчиён оид ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ