10 августи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини мақомот ба иштирокчиён вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионии кишвар ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумоти муфассал пешниҳод гардида, дар идомаи он масъалаи муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва нақши омӯзгорон дар паст кардани шиддати ин зуҳурот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маркази матбуоти Агентӣ