Моҳи августи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор гардид.

Дар чорабиниҳои доиргардида намояндаи Агентӣ бо маърӯза баромад карда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-зиддикоррупсионии кормандони соҳа, пешгирӣ аз содирнамоии кирдорҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои ба он мусоидаткунанда ва таъмини амиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсияро тавзеҳ доданд.

Дар маҷмӯъ чорабиниҳои болозикр дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.