Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон санаи 21 июли соли 2026 дар толори Мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён ҳадаф, вазифа ва механизмҳои амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) фаҳмонида дода шуда, ҳамзамон масъалаҳои муҳими татбиқи самараноки чорабиниҳои пешбинишуда ва тақвияти ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ