Моҳи августи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ кормандони соҳаи ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 0412 РҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии барпошуда кормандони Агентӣ бо маърӯзҳо вобаста ба қонунгузории амалкунандаи зиддикоррупсионӣ, роҳҳои пешгирӣ ва огоҳсозии ин зуҳурот, оқибатҳои даст задан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуда, моҳият ва муҳтавои қонунгузории зиддикоррупсионии кишварро шарҳ доданд.
Маркази матбуоти Агентӣ